ҷамъ

ҷамъ
[جمع]
а
1. фароҳам, гирду ғун: ҳама ҷамъ будан
2. ғундоштан, тӯб кардан
3. гурӯҳе аз мардум, ҷамоат: гузаштани ҷамъе аз кӯча
4. ҳама, умум; ҷамъе гурӯҳе, ҷамоате; ҷамъ гардидан ғун шудан, гирд омадан; ҷамъ кардан фароҳам овардан, гирд овардан; ҷамъ омадан фароҳам омадан, ғун шудан, тӯб шудан ба як ҷо; ҷамъ шудан гирд омадан, ғун шудан; ақлу ҳуш ҷамъ кардан ҳушёр шудан; ҳавоси худро ҷамъ кардан осуда ва ором шудан, ҳушёр шудан; хотири ҷамъ осуда, бе ташвиш, бе нигаронӣ ва ошуфтагии хотир; хотир ҷамъ кардан осуда будан, безобита нашудан
5. риёз. яке аз чор амали ҳисоб, афзудани як адад ба адади дигар, зам кардани ду ва ё чанд адад ба якдигар
6. грам. аломати ҷамъ дар забони тоҷикӣ бо «-он» ва «-ҳо» ифода мегардад; муқоб. танҳо

Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. . 2008.

Игры ⚽ Поможем решить контрольную работу

Смотреть что такое "ҷамъ" в других словарях:

  • ҷамъӣ — [جمعي] ҳамагӣ, дастаҷамъона …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • ҷамъулҷамъ — [جمع الجمع] а 1. ҷамъи умумӣ, ҷамъиҷамъ, ҳосили умумии ҷамъ, ҳамагӣ: ҷамъулҷамъи даромад 2. бо аломати ҷамъ овардани калимае, ки худаш дар шакли ҷамъ бошад; мас., ахбор ахборот …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • сарҷамъ — [سرجمع] ҳама дар як ҷо ҷамъ, ба як ҷо тӯбшуда; сарҷамъ шудан ҳама ҷамъ омадан барои ҳалли ягон масъала …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • хотирҷамъ — [خاطرجمع] дилосуда, беташвиш; хотирҷамъ будан осудадил будан, ташвиш ва хавотирӣ надоштан; хотирҷамъ кардан касеро касеро дилосуда кардан, дилпур кардан; хотирҷамъ шудан аз коре, осуда шудан …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • дилҷамъ — [دلجمع] гуфт. хотирҷамъ, осудахотир: дилҷамъ будан аз чизе …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • дастаҷамъӣ — [دسته جمعي] якҷоя, муттафиқан, муттаҳидона, сарҷамъона: амнияти дастаҷамъӣ …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • дастҷамъӣ — [دست جمعي] ниг. дастаҷамъӣ, дастаҷамъона …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • нохотирҷамъӣ — [ناخاطر جمعي] 1. хотирҷамъ набудан, хотирошуфтагӣ, нотинҷӣ 2. хавфнокӣ, пурхатарӣ …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • ноҷамъ — [ناجمع] парешон, пароканда; хотири ноҷамъ парешонии хотир …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • ҷамъиҷамъ — ниг. ҷамъулҷамъ …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ


Поделиться ссылкой на выделенное

Прямая ссылка:
Нажмите правой клавишей мыши и выберите «Копировать ссылку»